Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ
Даъватномаи иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум
Бонки миллии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107а, тел: (44) 600 3224, довталабони салоҳиятдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши навбатии аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум даъват менамояд.
(E-mail: khismatulloev@nbt.tj, d_ubaydulloev@nbt.tj)
1. Довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон ба суроғаи дар боло зикргардида муроҷиат намоянд.
2. Муҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ: 03.01.2020
3. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳод қабул карда намешавад.
Вазифаҳои техникӣ
- Шумораи респондентон 1500 нафар, интихоби тасодуфӣ, фарогирии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, дар як сол чор маротиба, ҳар семоҳа;
- Усули пурсиш: тариқи телефонӣ;
- Мизоҷони ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пурсида шаванд;
- Шумораи занон ва мардон баробар бошанд ва фосилаи синну сол чунин гурӯҳбандӣ карда шавад: 18-25; 26-40; 41-65; 66+;
- Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот баъд аз анҷоми пурсиш дар формати SPSS ва Excel инчунин ҳисоботи таҳлилӣ формати Word ва Power Point.
Саволномаи пурсиш дар рафти гузаронидани тендер пешниҳод мегардад.