Низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш дод

Бойгонии ахбор
05.12.2019

Низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш дод

5 декабри соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Президенти низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун мулоқоти корӣ анҷом дод. 

NBTL3610-1.jpg

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва васеъ намудани доираи хизматрасонӣ, арзон ва осон кардани хизматрасонии интиқоли маблағ ва дигар хизматрасониҳо тавассути низоми пардохтии “Юнистрим” дар ҳамкорӣ бо низоми бонкии кишварро баррасӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ роҷеъ ба паст намудани ҳаққи хизматрасониҳо барои интиқоли маблағҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев даъват ба амал овард.

NBTL3624-1.jpg

Президенти низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун дар навбати худ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаи худро баён намуда, даъвати Бонки миллии Тоҷикистонро дар хусуси кам кардани ҳаққи хизматрасониҳои интиқолҳо барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои минбаъда ва самарабахш хуш пазируфтанд. Зикр карда шуд, ки то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқолои маблағҳо ҳаққи хизматрасонии “Юнистрим” ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 фоизро ташкил медод, баъд аз пайваст шудан ба маркази мазкур ҷиҳати дастгирӣ намудани пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти ин низом ҷаноби Кирилл Палчук ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо аз санаи 6 декабри соли 2019 то ба 0,99 фоиз поён фароварда мешавад. Тибқи пешниҳоди Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва мувофиқ омадани Президенти низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун, минбаъд ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубли русӣ, ки қаблан 100 рубли русиро ташкил медод, 50 фоиз тахфиф шуда, 50 рубли русиро ташкил хоҳад дод, ки ин имтиёз дар шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии “Юнистрим” имконпазир аст. Тавре ҷаноби Кирилл Палчун қайд кард, низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” шабакаи васеи хизматрасониро барои мизоҷонаш муҳайё карда, дар Федератсияи Русия беш аз 15 ҳазор нуқтаҳои интиқоли маблағ (МТС-4300; Теле2-2150; ПочтаБанк (Почта России) - 4600 ва ғайраҳо) дорад. Ҷаноби Кирилл Палчун инчунин барои васеъ кардани доираи фаъолият бо ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, фаъол шудан дар бозори кортҳои пардохтӣ, аз ҷумла “Корти миллӣ” изҳори ҳавасмандӣ намуд.

NBTL3679.JPG

Дар хотимаи мулоқот, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки ҳамкорӣ бо низоми пардохтии “Юнистрим” дар доираи Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҷиҳати татбиқи ислоҳотҳои Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ шуда, имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин менамояд, барои Бонки миллии Тоҷикистон муҳим мебошад.

Президенти низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун фаъолияти Маркази миллии протсессингиро, ки ҳамтои худро дар ҷаҳон надорад, навоварӣ дар самти бонкдорӣ дониста, онро барои рушди бозори хизматрасониҳои интиқолӣ, ки таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳоро кафолат медиҳад, муҳим арзёбӣ намуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку