Ба таваҷҷуҳи истифодабарандагони амалиётҳои интиқоли маблағ

Бойгонии ахбор
13.12.2019

Ба таваҷҷуҳи истифодабарандагони амалиётҳои интиқоли маблағ

Бо назардошти он, ки аз санаи 3 декабри соли 2019 “Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо” (ММПИМ) ба фаъолият оғоз намуд ва низоми пардохтии “Золотая корона” ба маркази мазкур пайваст нагардид, айни замон интиқоли маблағ тавассути низоми пардохтии “Золотая корона” дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон мебошад.

Бинобар ин, ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки маблағҳои қаблан аз хориҷи кишвар тавассути “Золотая корона” ирсолкардаашонро бозхонд намуда (возврат), онро тавассути низомҳои пардохтии Контакт, Юнистрим ва ё кортҳои бонкӣ ирсол намоянд.

Дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, зимни бозпас гардонидани маблағҳо дар хориҷи кишвар, шаҳрвандон метавонанд ба намояндаи низоми пардохтии “Золотая корона” дар Тоҷикистон бо рақамҳои +992 90 888 80 80 занг зананд ва ё бевосита ба низоми пардохтии “Золотая корона” бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ) муроҷиат намоянд ва дар сурати ҳал нагардидани муроҷиати шаҳрвандон ва ё бозпас нагардонидани маблағҳои интиқолшуда, шаҳрвандон метавонанд ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ва ё почтаи электронии ALLOMUSHTARI@NBT.TJ ба таври фаврӣ муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку