Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии кишвар мерасонад, ки рӯзҳои истироҳат - шанбе ва якшанбе (14-15 декабри с.2019) барои саривақт амалӣ намудани интиқоли маблағ ва дигар намуди хизматрасониҳо тамоми ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми манотиқи кишвар фаъолият менамоянд.
Шаҳрвандон маблағҳои интиқолии худро метавонанд тавассути низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт”, инчунин тариқи кортҳо амалӣ намоянд. Ҳамзамон дар рӯзҳои истироҳат марказҳои хизматрасонии бонкии шабонарӯзӣ (24 соата) ва бегоҳирӯзӣ (16 соата) ба реҷаи доимӣ ба аҳолии кишвар хизмат мерасонанд.