Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад: шаҳрвандоне, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд рӯзҳои 24 - 25 декабри соли 2019 (дар давоми ду рӯз) аз ташкилотҳои қарзии кишвар бозхонд карда гиранд. Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути “Золотая Корона” дар дохили кишвар анҷом дода шудааст (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд.
Ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки муштариёни худро, ки чунин интиқолҳоро тавассути низоми “Золотая Корона” анҷом додаанд, оид ба бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон хабардор намуда, дар ҳолати зарурат барои аз нав интиқол додани маблағҳои гирифташуда тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим”, ё кортҳои пардохтӣ мусоидат намоянд.
Дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, шаҳрвандон метавонанд муроҷиат намоянд: дар хориҷи кишвар, бевосита ба НП “Золотая корона” бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ); намояндагии он дар Тоҷикистон бо рақами +992 90 888 80 80; дар сурати ҳал нагардидани муроҷиат ё таъмин нашудани пардохти маблағи интиқолшуда, шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ва ё почтаи электронии “ALLOMUSHTARI@NBT.TJ” ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ муроҷиат намоянд.
Шуъбаи матбуот