Омӯзиш ва баррасии Паёми Пешвои миллат дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
06.01.2020

Омӯзиш ва баррасии Паёми Пешвои миллат дар Бонки миллии Тоҷикистон

06 январи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва бо иштироки кормандони БМТ ҷаласаи навбатӣ вобаста ба омӯзишу таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 ироа карда шуд, баргузор гардид.

Зимни омӯзиш ва баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид ёфт, ки Паёми навбатӣ низ ба мисли дигар паёмҳои қаблӣ дурнамои сиёсати фарогири кишварро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар бар гирифта, ба сифати раҳнамои мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли 2020 хидмат хоҳад кард.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар умум, Пешвои миллат соли 2019-ро барои мардуми кишвар соли хотирмон ва бобарор арзёбӣ карда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуданд ва оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, молия ва бонкдорӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тавсияву ҳидоят ва вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш зикр намуданд, равона карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он, дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум, таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар умум, татбиқи самараноки сиёсати пуливу қарзӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш зикр намуданд, чораҳои зарурӣ бояд андешида шавад.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар рафти ҷаласа ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардид, ин дастури Пешвои миллат барои ташкили бонки алоҳида, ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ буд. Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонки алоҳида таъсис дода, барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.

Дар поёни ҷаласа, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро дастури раҳнамое маънидод намуд, ки моро ба муттаҳидӣ ва саъю кӯшиши пайваста ба хотири татбиқи амалии он даъват мекунад ва дар амал татбиқ шудани муқаррароти Паёми мазкур ба пешрафту дастовардҳои назарраси кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку