07.01.2020
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи низоми пардохт
I
мутахассисидараҷаи Iшуъбаи таҳлил ва рушди
хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё техникӣ;
- донистани қонунгузории соҳаи бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзим ва назорати хизматрасониҳои пардохтӣ ва фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ ва идораи хавфҳо;
- донистани забони тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани малакаи касбии кор бо компютер – MsOffice (Word,Excel,PowerPoint);
- доштани маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди мукотибот бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ, молия ва ё ширкатҳои алоқаи мобилӣ дар самти дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, хизматрасониҳои амалиётӣ ва фосилавии бонкӣ, эмиссия ва эквайринги воситаҳои электронии пардохтӣ, тиҷорати электронӣ.
II
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи назорати низоми пардохт (1ҷой)

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- барои маълумот – тел: 600 32 32; 600 31 38
- Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.01 с.2020