Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
09.01.2020

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ

I

Cармутахассиси Бахши илмӣ – тадқиқотӣ (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
  • дониши сатҳи кофӣ дар соҳаи бонкию молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
  • доштани қобилияти баланди техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ - тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ афзалият дорад.

II

Cармутахассиси шуъбаи методология ва таҳияи

санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab ҳатмист;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ - тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.

III

Идораи кормандон

Бозраси осорхона (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии таърихшинос ё филологӣ;
  • дониши сатҳи кофӣ дар соҳаи таърих ва бостоншиносӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
  • доштани маълумоти кофӣ оиди таърихи Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар осорхона афзалият дорад;
  • ба занҳои соҳибмаълумот афзалият дода мешавад.

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

IV

Мутахассиси шуъбаи назорати бонкӣ(шартномавӣ) (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ ҳатмӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;

V

Ҳуқуқшиносишуъбаи назорати бонкӣ(шартномавӣ) (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва ҷиноятӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: 600 32 32; 600 31 38
  • ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
  • Барои маълумот – тел: 625 - 05 -67
  • Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 22.01 с.2020

Возврат к списку