17 январи соли ҷорӣ дар маркази таълимии «Паркинг»-и шаҳри Душанбе оид ба маърифати молиявӣ дар мавзӯи «Чӣ гуна бояд орзуи худро амалӣ намуд?» аз ҷониби Шуъбаи саводнокии молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон тренинг баргузор гардид.
Маърифати молиявӣ танҳо дониш нест, мегӯянд мутахассисон. Ин қобилияти назорат кардани рафтори худ ва фаҳмиши он ки чаро мо ин корро анҷом медиҳем, мебошад. Масалан, вақте ки ба мағоза меоем ва харидҳои бидуни нақша ва ҳатто баъзан нолозими ба истилоҳ якбора мекунем, дар натиҷа ба буҷети оила зарари зиёд мерасад. Чӣ бояд кард? Чӣ гуна бояд оқилона истифода бурдани маблағҳои шахсиро омӯхт, масалан, вақте ки пули ками моҳонаи ба даст овардаи шумо то маоши оянда намерасад? Сарчашмаҳои иловагии даромадро барои амалӣ кардани орзуи худ аз куҷо пайдо бояд кард? Ин муаммоест ки ба ҳама дахл дорад. Иштирокдорони тренинги омӯзиши маърифати молиявӣ маҳз ба саволҳои худ оид ба чи гуна барои орзуи худ маблағ андухтан ҷавоби аниқ пайдо карданд.
“Шумо дар зиндагӣ бештар чӣ орзу доред? Пайдо кардани кори сердаромад, сохтмони хона, хароб шудан, хониши худро беҳтар кардан. Доштани орзу ҳаёти моро солимтару самараноктар мегардонад, барои беҳтар кардани вазъи молиявии мо ва барқарор кардани тамос бо дигарон кӯмак мекунад. Аммо орзуҳо орзу боқӣ хоҳанд монд, агар шумо онҳоро ба ҳадаф табдил надиҳед! Имрӯз иштирокдорони тренинги мо кӯшиш карданд, ки ҳадафҳои молиявӣ, буҷети оилаи худро таҳия намоянд, камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор ва буҷетро беҳтар намоянд, роҳҳои сарфаи хароҷоти нолозим ва ҷалби даромади иловагиро омӯхтанд",-гуфт мушовир оид ба маърифати молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон Нозимҷон Раҷабов,
Раҷабов Нозимҷон маслиҳат медиҳад: «Оё шумо мехоҳед сарфа карданро омӯзед? - афзалиятҳоро дуруст муайян кунед! Даромад ва хароҷотро ба назар гиред, нақшаи пасандоз тартиб диҳед, барномаҳои ҳисобдории молиявиро барои баҳисобгирии молияи худ истифода баред. Чунин ҳисобгирӣ имкон медиҳад, ки хароҷоти бештари буҷетии оиларо пайгирӣ кунед ва онро идора намоед!”
«Шахсан барои ман маслиҳатҳои муфид дар бораи банақшагирии буҷет ва роҳҳои пасандоз хеле аҷиб буд, зеро худам кайҳо мехостам, ки хароҷоти худро назорат кунам ва на ҳама вақт ин ба ман муяссар мешуд. Фикр мекунам, ки акнун бо воситаи донишҳои имрӯз пайдокарда минбаъд ба ман осон мегардад» - гуфт Раҳматуллоева Марям, иштирокдори тренинги омӯзишӣ. Чунин маслиҳатҳо оид ба идоракунии босамари буҷети оила дар давоми омӯзиш бисёр дода шуданд. Муҳим он аст, ки иштикрокдорон бояд аз ин маслиҳатҳо дуруст истифода баранд.
Шуъбаи саводнокии молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон 3 сол аст, ки бо таълими молиявии мактаббачагон ва ҷавонон машғул аст. Қадами навбатии муҳим дар ин самт оғози таҳияи Стратегияи миллии маърифати молиявӣ мебошад. Натиҷаҳои пешбинишудаи татбиқи Стратегия ноил гаштан ба ҳадафи асосӣ – фароҳам овардани шароит барои ташаккули рафтори молиявии салоҳиятдори аҳолӣ ҳамчун шарти зарурии некуаҳволии молиявии хонаводаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Ҳамзамон нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст, ки якқатор фаъолиятҳои таълимиро дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дарбар мегирад.
Бояд қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон барномаи баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолиро пурра дастгирӣ намуда, барои баланд бардоштани дастрасӣ ва паҳн кардани маълумот дар байни истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат мекунад.
Барои пайдо кардани маълумоти иловагӣ ва маслиҳат, саҳифаҳои “Маърифати молиявӣ дар Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасанд:
https://www.facebook.com//fingramtj/
https://www.instagram.com/fingramtj/
https://ok.ru/group//fingramtj/
Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ