Дар бораи ҶДММ “Ориён Аудит С”

Бойгонии ахбор
28.01.2020

Дар бораи ҶДММ “Ориён Аудит С”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №19, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Аудит С” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавиро доранд, сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку