Маълумот барои довталабон

Бойгонии ахбор
30.01.2020

Маълумот барои довталабон

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) ва баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар макотибҳои олии Федератсияи Русия қайд менамояд, ки айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Русия барои солҳои 2020-2021 оғоз гардидааст.

Бояд гуфт, ки макотибҳои олии ин кишвар узвҳои комилҳуқуқи Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ мебошанд. Вобаста ба ин, дар сурати ҳавасмандӣ ба таҳсилот дар макотибҳои олии Федератсияи Русия, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии узвҳои Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ, довталабон бояд марҳилаҳои зеринро иҷро намоянд:

1.     Барномаи мувофиқашавандаи худро аз буклети Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ ё аз Номгӯи самтҳои таҳсил дар макотибҳои олии Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ барои солҳои 2020/2021 интихоб намояд.

2.     Ҳуҷҷатҳои худро (нусхаи шиноснома, ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ-диплом ё аттестат) ҳатман ба суроғаи электронии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон “dmm@nbt.tj” бо дарҷи донишгоҳ, ихтисоси интихобгардида ва маълумот барои тамос, инчунин дар мавзӯи почта калимаи “Абитуриент_РФ_2020/2021” – ро қайд намуда, ирсол намоед.

3.     Ҷавобро интизор шавед.

Ҳамзамон, довталабон метавонанд маълумоти иловагиро (брошюраи Донишкадаи шабакавӣ дар самти МҚД/МТ ва дигар мавод) аз саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (банди Маркази омӯзишӣ - методии Департамент) бо истифода аз ин истинод “http://www.nbt.tj/tj/financial_monitoring/media_center/baroi-dovtalabon/malumot_oidi_barnoma.php”, дарёфт кунанд.

Телефон барои тамос: (+992) 44-600-15-17; (+992) 44-600-36-87.


Возврат к списку