Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
06.02.2020

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

5 феврали соли 2020 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳайати мутахассисони калон оид ба рушди рақамӣ Олег Петров, Влад Маноил, корманди намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Абдулалиева ва дигар ҳамроҳони онҳо мулоқоти корӣ доир намуд.

NBTL6540.JPG

Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, татбиқи лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуда, барои мусоидат баҳри сифатнок ва самаранок амалигардии лоиҳа омодагии ҳамаҷонибаи худро изҳор дошт.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар ояндаи наздик баҳри рушди иқтисодиёти кишвар, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯмаки ҷидди хоҳад кард.

NBTL6611.JPG

- Татбиқи ҳадафмандона ва босамари Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Аз ин сабаб, он бояд бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти минтақа роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи “Digital CASA” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки Ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Зеро ташкили Маркази пуриқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиётҳои рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад,-таъкид дошт Ҷамолиддин Нуралиев. Инчунин оид ба сатҳу сифати амалишавии лоиҳа таваҷҷуҳ карда, оид ба пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Дар навбати худ, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон дар самти амалигардонии лоиҳаи мазкур қадамҳои устувор гузошта истодааст. Инчунин зикр карда шуд, ки Тоҷикистон барои мукаммал гаштани муҳтавои лоиҳаи мазкур ва механизми амалигардонии он корҳои зиёдро анҷом дода, дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф ва имкониятҳои зиёдро доро аст.

NBTL6554.JPG

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст мебошад. Инчунин, татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидати фаъол менамояд.

Қобили қайд аст, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи “Digital CASA” ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат, аз ҳадафҳои муҳими лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку