Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”

Бойгонии ахбор
14.02.2020

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”

Дар асоси моддаи 14 (1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 12 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 13 феврали соли 2020, №31 дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”-ро оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”, ки барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ аз 24 январи соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку