20.02.2020
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Хоруғ
I
Мутахассиси пешбари фаврӣ-техникии шуъбаи кормандон ва корҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии техникӣ;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи воситаҳои техникии амниятӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
- малакаи касбии кор бо системаҳои амниятӣ;
- доштани таҷрибаи корӣ дар низоми назорати видеоӣ, ҳуқуқи даромад ва баромад, огоҳкунӣ аз сӯхтор;
- малакаи касбии кор бо компютер – OS WindowsAuto CAD, MsOffice, ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- доштани сертификати курсҳои махсуси амниятӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 1сол дар соҳаи амниятӣ;
- донистани забони давлатӣ ҳатмӣ, русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
- надоштани доғи судӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- барои маълумот – тел: 600 32 32; 600 31 38
- ш.Хоруғ, кучаиАзизбек 2, Шуъбаи кормандон ва корҳо
- барои маълумот – тел: 640 0608; 640 0613
- Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 02.03 с.2020