Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
04.03.2020

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”

I

Мутахассиси пешбар (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

• таҳсилоти олии дизайнерӣ (ороишгарӣ, саҳифабандӣ дар ВАО), рӯзноманигорӣ ё филологӣ;
• малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
• маҳорати хубу эҷодкоронаи аксбардорӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
• малакаи кор ва эҷодкорӣ дар саҳифабандии маҷалла ва доштани қобилияти баланди дизайнерӣ (ороишгарӣ);
• доштани таҷрибаи баланди корӣ бо барномаҳои Microsoft Office , Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat;
• донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);                                            
• Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодии дизайнерӣ ва саҳибандии як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад;
• доштани собиқаи кории дизайнерӣ ва саҳифабандӣ афзалият дорад.

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

II

Ҳуқуқшиносишуъбаи назорати бонкӣ(шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва ҷиноятӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
  • доштани собиқаи корӣҳуқуқӣ на камтар аз 3 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: 600 32 32; 600 31 38
  • ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
  • Барои маълумот – тел: 625 - 05 -67
  • Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 16.03 с.2020


Возврат к списку