Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи банди 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, банди 1 боби 10 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият қарори навбатиро аз 10 марти соли 2020, таҳти № 36 ба тасвиб расонид, ки тибқи он Иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати то 22 ноябри соли 2023 аз нав ба расмият дароварда шуд.
Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр”, аз 22 ноябри соли 2018, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот