Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунии муҳити атроф рӯзҳои 14-15 марти соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо тариқи дастаҷамъӣ шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегии навбатӣ кормандони Дастгоҳи марказии бонк ба хотири риояи расму оини Наврӯзи аҷдодӣ, ки мақсад аз он ободкориву покизагист, саҳни ҳавлии бинои маъмурӣ, роҳҳои канорӣ ва ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза намуда, бехи гулу бутта ва дарахтонро нарм ва аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Ҳифзи табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зист қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, Роҳбарияти бонк нақша доранд, корҳои ободонию созандагиро идома бахшида, барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр саҳми арзандаи худро гузоранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ