Иштирок дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ

Бойгонии ахбор
16.03.2020

Иштирок дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ

Ҳамасола бо омадани баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари кишвар чорабиниҳои варзишӣ вусъати тоза пайдо карда, дар он намояндагони касбу кори гуногун бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 14 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

NBTL9239.JPG

Мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.

Дар дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар қатори зиёда аз 5 ҳазор намояндагони касбу кори гуногун аз тамоми қишрҳои ҷомеа, инчунин, беш аз 50 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ширкати фаъолона доштанд.

Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ифтитоҳ намуда,  доир ба ҳадафи чорабинӣ ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди варзиш ва солимгардонии ҷомеа ибрози андеша намуданд.

NBTL9243.JPG

Ҳаракат аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ шуруъ шуда, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ идома кард ва дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ба анҷом расид, ки масофаи 10 километр роҳро дар бар мегирифт.

Дар фарҷоми Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукот тақдим карда шуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку