06.04.2020
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии дизайнерӣ (ороишгарӣ, саҳифабандӣ дар ВАО), рӯзноманигорӣ ё филологӣ;
- малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
- маҳорати хубу эҷодкоронаи аксбардорӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
- малакаи кор ва эҷодкорӣ дар саҳифабандии маҷалла ва доштани қобилияти баланди дизайнерӣ (ороишгарӣ);
- доштани таҷрибаи баланди корӣ бо барномаҳои Microsoft Office , Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодии дизайнерӣ ва саҳибандии як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад;
- доштани собиқаи кории дизайнерӣ ва саҳифабандӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- барои маълумот – тел: 600 32 32; 600 31 38
- Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.04 с.2020