Дар бораи паст кардани меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ

Бойгонии ахбор
08.04.2020

Дар бораи паст кардани меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ

Резаахбор

Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, муваққатан аз 01 апрел то 31 декабри соли 2020, бо пули миллӣ дар сатҳи 1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ дар сатҳи 5 фоиз муқаррар карда шуд. Меъёрҳои амалкунандаи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, ба ҳолати 31 марти соли 2020 бо пули миллӣ 3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9 фоизро ташкил медод.

Сатҳи таваррум ва омилҳои таъсиррасон. Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таварруми солона дар моҳи феврали соли 2020 7,8 фоизро ташкил дод[1], ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар сохтори таварруми бавуқӯъомада, болоравии саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ (5,4 банди фоизӣ) зиёд буда, раванди мазкур бо дарназардошти “эффекти базавӣ” ва таъсири омилҳои мавсимӣ, номуътадилӣ дар ҷаҳон ва давлатҳои шарикони асосии савдо, болоравии нархи воридотии маводи хӯрокворӣ, кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот, коҳишёбии таклифот ва ба ин васила дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар фасли зимистон арзёбӣ мегардад. Саҳми маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо бошад, мувофиқан ба 1,6 банди фоизӣ ва 0,8 банди фоизӣ баробар шуданд.

Интизориҳо ва хавфҳо. Мавриди зикр аст, ки аз интиҳои моҳи декабри соли 2019 то 31 марти соли 2020, бинобар сабаби пайдо шудани сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин садҳо ҳазор нафар одамон гирифтори он гардида, даҳҳо ҳазор ба ҳалокат расида истоданд, ки аллакай тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Мутобиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ то санаи 31 марти соли 2020, дар ҷаҳон зиёда аз 942 ҳазор нафар гирифтори ин беморӣ гардида, аз давлатҳои шарикони асосии савдои кишвар бошад ба Туркия 15,7 ҳазор нафар, Федератсияи Русия 3,5 ҳазор нафар, Қазоқистон 402 нафар, Афғонистон 239 нафар, Ӯзбекистон 190 нафар ва Қирғизистон 116 нафар рост меоянд.

Дар Федератсияи Русия - яке аз кишварҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай аз таъсири вируси мазкур номуайяниву ноустувории иқтисодӣ, коҳишёбии қурби рубли русӣ ва мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ба амал омадааст. Тибқи баҳодиҳии пешакии ширкати рейтингии S&P дар соли 2020 бинобар авҷ гирифтани паҳншавии cирояти нави коронавирус (COVID-19) иқтисодиёти Федератсияи Русия ба коҳишёбии то сатҳи -0,8 фоиз дучор хоҳад шуд.

Бояд зикр намуд, ки ба санаи 31 марти соли 2020 нархи нафти навъи брент (Brent) дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 баррел 26,9 доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба 31 декабри соли 2019 59,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, коҳишёбии он ба қурби пули миллии ин кишвар (рубли русӣ) таъсирнокии зиёд дорад. Ба ҳолати 01 апрели соли 2020 қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дар муқоиса ба аввали сол 27,1 фоиз коҳиш ёфт.

Вобаста ба ҳолати мазкур, аксарияти бонкҳои марказии давлатҳои хориҷа ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар, бахусус соҳаи истеҳсолот ва пешгирии хавфҳои таваррумию қурбӣ, сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, аз ҷумла, дар минтақаи Аврупо, Туркия, ИМА, Канада, Покистон, Молдова, Арманистон, Украина ва дигар кишварҳо.

Паҳншавии пандемияи сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ метавонад бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин тавассути коҳишёбии қурби пули миллӣ ва эҳтимолияти зиёд гардидани хавфҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи кутоҳмуддат таъсири худро расонад.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии болозикр ҷиҳати дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, коҳиш додани хароҷотҳои иловагӣ ва арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда аз ҷониби Кумита қарор қабул карда шуд, ки меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, муваққатан то 31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шавад. Иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.

Шуъбаи матбуот



[1]Тибқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат ҳадафи муқарраршудаи нишондиҳандаи таваррум барои соли 2020 ба 6,0% (+/-2 б.ф.) баробар мебошад.




Возврат к списку