Дар бораи ҶДММ “Аудит Консалтинг” ва ҶДММ “Моор Стивенс”

Бойгонии ахбор
09.06.2020

Дар бораи ҶДММ “Аудит Консалтинг” ва ҶДММ “Моор Стивенс”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 08 июни соли 2020 таҳти №73, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, боби 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва банди 12 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аудит Консалтинг” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Инчунин, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарори навбатиро аз санаи 08 июни соли 2020 таҳти №74 ба тасвиб расонд.

Дар асоси қарори мазкур ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моор Стивенс”, барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку