Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 таҳти №80, мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 10 ва 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моор Стивенс” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Моор Стивенс” аз 22 январи соли 2020 аз эътибор соқит дониста шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавиро доранд, сабти дахлдор ворид намояд.
Шуъбаи матбуот