24 июни соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, дар баробари дигар масъалаҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, таъмини кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ва ё фоидагирандагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт, ки ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии худро суғурта кардаанд, равона карда шудааст.
Бояд зикр кард, ки айни замон суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996 “Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт” амалӣ гардида истодааст, ки санади мазкур бо пуррагӣ талаботи муосири низоми суғуртаро матраҳ карда наметавонад, аз ин рў, бо дарназардошти чунин ҳолат зарурияти таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 инҷониб ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ муайян гардида, ваколати назорати суғуртавиро амалӣ намуда истодааст. Дар ин давра, аз ҷониби Бонки миллӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи фаъолияти суғуртавӣ,аз ҷумла дар самти такмили қонунгузории фаъолияти суғуртавӣчораҳои муайян андешида шуда истодааст. Зеро, мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти суғуртавӣ барои таъмини ташаккулёбии соҳа ва рушди босуботи он муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” бо назардошти таҷрибаи пешқадам соли 2016 қабул гардида, бо он монополияи суғуртаи ҳатмӣ бардошта шуда, ҳуқуқи ташкилотҳои суғуртавии ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ, новобаста аз шакли моликият ҷиҳати амалӣ намудани суғуртакунии ҳатмӣ муқаррар карда шуд. Ҳамзамон, тибқи қонуни амалкунандаи фаъолияти суғуртавӣ, муҳтавои ҳар як гурўҳ дар шакли суғуртаи ҳатмӣ ва талаботи иловагӣ аз рўи шартҳои гузаронидани он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи ҳатмӣ муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт” талаботи имрӯзаи соҳаи фаъолияти суғуртавиро таъмин карда наметавонад.
Аз ин лиҳоз, бо назардошти муқаррароти нави қонуни амалкунандаи фаъолияти суғуртавӣ, нокифоя будани танзими суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва зарурияти мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва амалияи пешрафта таҳия карда шуд.
Қонуни нав имконият фароҳам меоварад, ки ин намуди суғуртаи ҳатмӣ танзим шуда, дар сатҳи қонуни мукаммали махсус, вобаста ба ин намуди суғурта рақобати солими ба манфиати суғурташавандагонро беҳтар менамояд ва ин боиси рушди бозори суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар дигар давлатҳо, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои ИДМ қонуни махсус вобаста ба суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт мавриди амал қарор гирифта, механизми ин намуди суғурта таъмин карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” мақсадҳои асосии зеринро таъмин менамояд:
-Кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагонро ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт татбиқ менамояд;
-Инҳисорро (монополияро) аз байн бурда, рақобати солимро дар бозори суғурта таъмин менамояд. Ташкилотҳои суғуртавӣ новобаста аз шакли моликияташон бо роҳи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 211 “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” барои амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ пайдо мекунанд;
-Қабул гардидани қонуни мазкур, барои суғурташавандагон имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавиро медиҳад ва ба ин васила боварӣ ва эътимоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳаи суғурта зиёд мегардад;
-Дар навбати худ ташкилотҳои суғуртавӣ бо мақсади ҷалби мизоҷон фаъолияти ташвиқотиву таблиғотиро вусъат дода, барои пурзӯр намудани пардохтпазирии худ чораҳои заруриро меандешанд;
-Дар натиҷаи пурзӯр гардидани рақобат, ташкилотҳои суғуртавӣ баҳри кам намудани мукофоти суғуртавӣ ва зиёд намудани ҷуброни суғуртавӣ кӯшиш менамоянд;
-Дар баробари ин, қонун манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагонро таъмин менамояд;
-Барои ташкилотҳои суғуртавӣ шароит фароҳам меояд, ки минбаъд маблағҳои худро бо шартҳои диверсификатсия, бозоргирӣ ва даромаднокӣ ба иқтисодиёт сармоягузорӣ намоянд;
-Қоидаҳои назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, ки ба ин намуди суғуртаи ҳатмӣ машғул мешаванд, мукаммал мегарданд;
-Дар баробари ин, фаъолияти иҷозатномадиҳии ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба ин намуди суғуртаи ҳатмӣ дар асоси қонун татбиқ мегардад;
-Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро бо мамлакатҳои ҳамсарҳад дар бар мегирад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, баъди баррасии ҳамаҷониба дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Шуъбаи матбуот