Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
22.07.2020

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

I

мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии барномавию техникӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • насбу васли қисмҳои электронии таҷҳизоти компютерӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар муайян намудани нуқсонҳои таҷҳизоти компютерӣ;
  • чопкунӣ, телекомуникатсионӣ ва бартараф намудани онҳо;
  • таъмир ва тармими қисмҳои электронии таҷҳизоти техникӣ;
  • таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (LAN, Wi-Fi);
  • таҷрибаи корӣ бо таҷҳизоти телефонӣ (АТС) афзалият дорад;
  • доштани маълумот оиди ҷузъиёти электронии таҷҳизоти компютерӣ (тарзи кори микросхемаҳо ва ғ.);
  • донистани низомҳои Microsoft Windows, барномаҳои офисӣ, таҷҳизоти периферӣ (насб, танзим ва ғ.);
  • насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • таҷрибаи корӣ бо ActiveDirectory,VPN,VLAN,DNS,DHCP.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
  • Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 04.08 с.2020


Возврат к списку