Вебинар дар мавзӯи “Татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои хавфи пастдошта”

Бойгонии ахбор
06.08.2020

Вебинар дар мавзӯи “Татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои хавфи пастдошта”

4 августи соли 2020 бо иштироки намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (ДММ БМТ), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, вебинар (бо истифода аз барномаи “Webex”) дар мавзӯи “Татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои дорои хавфи пастдошта” баргузор гардид. Дар вебинар тақрибан 70 намояндагони сохторҳои дахлдори ташкилоти қарзии молиявӣ (комплаенс, менеҷери хавфҳо ва технологияи иттилоотӣ) иштирок варзиданд.

Мақсад аз баргузории вебинар, гузаронидани тавзеҳот оид ба тартиби истифодабарии механизмҳои мушаххаскунии (идентификатсия) фосилавӣ ба намояндагони ташкилотҳои қарзии молявӣ ба ҳисоб мерафт.

Бояд қайд кард, ки чунин тартиби мушаххассозӣ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иртибот дошта, ба рушди технологияҳои молиявӣ мусоидат менамояд ва дар шароити пандемияи COVID-19 имкон медиҳад, ки фосилаи иҷтимоӣ риоя карда шавад. Зеро зарурат ба ҳузури шахсӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ лозим намеояд.

IMG_3419.PNG

Қобили зикр аст, ки дар ин чорабинӣ намояндаи ҳар як бахш дар робита ба рӯзномаи ҷаласа, бо муаррифиҳо дар мавзӯъҳои “Равиши ба хавф нигаронидашуда ва баҳодиҳии хавф: уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар матни татбиқи мушаххаскунии содакардашуда” (намояндаи IFC), “Мушаххаскунии содакардашудаи муштарӣ: талабот ва тартиб дар Тоҷикистон” (намояндаи ДММ БМТ) ва “Дастрасӣ ба пойгоҳҳои маълумотии боэътимод барои санҷиши маълумотҳои муштарӣ ва муайян кардани шахсияти муштарӣ” (намояндаи ҶСК “Алиф Бонк”) баромад намуданд.

Баъдан, аз ҷониби иштирокчиён ҷорӣ кардани усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои ҳамёнҳои электронӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Баргузории чунин вебинар барои ҷорӣ кардани тартиби соддакардашудаи мушаххасоти муштарӣ, хусусан дар ҳолати бамиёномадаи паҳншавии коронавирус (COVID - 19) мусоидат хоҳад кард.

Департаменти мониторинги молиявӣ



Возврат к списку