Вазъи низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли 2020

Бойгонии ахбор
14.08.2020

Вазъи низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли 2020

14 августи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, иштироки воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд.

NBTL1621.JPG

Роҷеъ ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ба сухан баромада, изҳор дошт, ки бозори суғурта яке аз қисми ҷудонашавандаи бозори молиявӣ маҳсуб ёфта, дар қатори дигар сегментҳои он дар иқтисодиёти кишвар нақши муҳимро мебозад. Бинобар ин, вазифаи Бонки миллии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба роҳ мондани танзиму назорати соҳа ба ҳисоб рафта, дар ин радиф аз ҷониби мақоми назоратӣ барои ноил гаштан ба ҳадафҳои натиҷабахш ислоҳотҳои назаррас гузаронида шуда истодаанд.

Ин гуфтаҳо ба он асос меёбад, ки қаблан дар суханронии худ дар вохурӣ бо кормандони соҳаи молия, андоз гумрук ва бонкдории кишвар, ки 10 майи соли 2019 доир гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар масъалаи рушди низоми суғуртаро қайд намуда, Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдор вазифадор намуда буданд, ки доир ба таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми суғурта, назорати фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, фаъол гардонидани бозори намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои сифатан нав корҳои амалиро ба роҳ монанд.

NBTL1665.JPG

Дар идома, Муовини Раиси БМТ М.Накҳатзода рӯнамоиро оид ба вазъи воқеии бозори суғурта манзури ҳозирин гардонида, дар хусуси нишондиҳандаҳои дастрасӣ, истифодабарӣ ва сифатнокии хизматрасониҳо, маҳсулоти ширкатҳои суғуртавӣ ва мутобиқати онҳо аз рӯи индикаторҳои байналмиллалии бозори суғурта, сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшаванда таҳлили ҳамаҷониба пешниҳод намуд. Зимни таҳлилҳо оид ба диверсификатсияи бозори суғурта, нобаробарии мавқеи ҷойгиршавии сохторҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар минтақаҳо, таносуби воридоти мукофот ва пардохти ҷуброн, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, аз ҷумла доштани аудити дохилӣ, риояи принсипҳои идоракунии корпоративӣ, пешниҳоди маҳсулоти муосири босифат, тақвият додани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба бозори суғурта, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва дараҷаи тахассусияти хизматчиёни бозори суғурта, саҳм гузоштан дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар таркиби ММД-и кишвар ва амсоли инҳо таҳлилҳо пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

М. Накҳатзода оид ба хуруҷи бемории сироятии COVID-19 ва таъсири он ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ба ин васила вусъат бахшидани суғуртаҳои тиббии вобаста ба ҳолатҳои нохуш ва беморӣ, аз ҷумла бемории COVID-19 қайд карда гузашт.

Дар баробари ин, зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа, пурзӯр намудани воситаҳои танзиму назорат, ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши меъёрҳои мақбул фаъолияти худро дар самти таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, давом додани сиёсати гузариш аз миқдор ба сифат, баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии корпоративӣ, таҳкими раванди иҷозатномадиҳӣ ва баланд бардоштани эътимоднокию боварии аҳолӣ ба соҳаи суғурта давом хоҳад дод.

NBTL1762.JPG

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” дастовардҳои назарраси ислоҳотҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори суғурта мебошанд, - зикр намуд М.Накҳатзода.

Дар идомаи ҷаласа, сардори Идораи назорати суғуртавӣ Дилбар Ҳусейнова оид ба нишондиҳандаҳои бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2020, аз ҷумла миқдори иштирокчиёни бозори касбии суғурта, динамикаи нишондиҳандаҳои бозори суғуртавӣ, сохтори дороиҳо ва уҳдадориҳо, ҳиссаи андозаи сармояи оинномавӣ, динамикаи шартномаҳои басташуда, тақсимот аз рӯи шаклҳо ва намуди суғурта, динамикаи воридоти мукофот ва пардохти ҷуброн дар ташкилотҳои суғуртавӣ, пардохти ҷуброн аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ, воридоти мукофот ва пардохти ҷуброн аз рӯи суғуртаи ҳатмии масъулияти граждании соҳибони воситаҳои нақлиёт, суғуртаи ихтиёрӣ аз бемории сироятии COVID-19, нишондиҳандаҳои азнавсуғуртакунӣ, даромаднокии сармояи худии ташкилотҳои суғуртавӣ, даромаднокии дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ, чораҳои таъсиррасон, нақшаҳои минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт, камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Масъалаҳои баррасигардидаи рӯнамоиҳо аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, зимни муҳокимаронӣ оид ба рейтинги ташкилотҳои суғуртавӣ, мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ, аудити дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳим иштирокдорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

NBTL1673.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М.Накҳатзода аз кори ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷагирӣ карда, изҳор намуд, ки ба роҳбарону масъулони ташкилотҳои суғуртавӣ зарур аст, ки дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди суғуртакунонӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо роҳи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таҳия намудани намудҳои нави суғурта пайваста чораҷӯӣ карда шавад. Бо назардошти ин, баҳри рушди бозори суғурта дар кишвар ва таъмини кори мунтазами суғуртаи кишвар, зарурати таҳияи Стратегияи рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ва саривақтӣ арзёбӣ карда шуд. Дар баробари ин бо мақсади рушди самараноки ташкилотҳои худ масъалаҳои идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар пешбурди фаъолият барои ҳисоботдиҳӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ таҷдиди назар карда шаванд. Инчунин барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ҷалби мутахассисон, махсусан аз ҳисоби занҳои лаёқатманд кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ҳалли масъалаҳои ҷойдошта бо Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монда, барои ҷалби суғуртакунандагон шароити мусоид фароҳам орад.

Дар интиҳои ҷаласа бори дигар таъкид гардид, ки новобаста ба чунин шароити душвор барои иқтисодиёти ҷаҳон, ки ба Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад монд, мо бояд барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас, дастовардҳо ва муваффақиятҳои бештар кӯшиш кунем ва бо ин васила, ба эътимоду боварии мардум сазовор гардида, нуфузи низоми cуғуртавии кишварро боло бардорем ва онро устувор нигоҳ дорем.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку