Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
20.08.2020

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ

I

Директори Пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар соҳаи бонкӣ ё муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ - ҳатмӣ;
  • маълумоти кофӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, молия ва иқтисод;
  • маҳорати баланди ибрози андеша, малакаи рӯнамоӣ намудан бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ);
  • қобилият доштан дар пешниҳоди методологияи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • дар сатҳи кофӣ таҳлил намудани тавозуни бонкӣ, гузаронидани таҳлили мақсадноки ташкилотҳои суғуртавӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон.

Департаменти назорати бонкӣ

II

Мутахассиси дараҷаи I Идораи таҳлили бонкҳо (4 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • дониши қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • қобилияти таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
  • маҳорати ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ;
  • малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забони давлатӣ ҳатмӣ, забони русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
  • собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ.

III

Мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати бонкдории исломӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии молиявӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқи исломӣ;
  • дониши кофӣ оид ба қонунгузории соҳаи бонкӣ (исломӣ);
  • донишу малака дар самти маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шаҳодатнома, диплом);
  • қобилияти таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • таҷрибаи таҳлил ва тасдиқи хизматрасониҳои бонкии исломии мутобиқ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
  • маҳорати кофии ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
  • малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ, англисӣ ҳатмӣ (арабӣ афзалият дорад);
  • собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол.


Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

IV

Ҳуқуқшиноси шуъбаи назорати бонкӣ (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва ҷиноятӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
  • малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
  • доштани собиқаи корӣ ҳуқуқӣ ва баргардонидани қарзҳои мушкилситон на камтар аз 2 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
  • ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
  • Барои маълумот – тел: +992 (44) 625 - 05 -67
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01.09 с.2020


Возврат к списку