Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”

Бойгонии ахбор
19.08.2020

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қарори навбатиро аз 19 августи соли 2020, таҳти № 99 ба тасвиб расонид.

Тибқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”, ки барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2020 таҳти №10 ба муҳлати 5 сол тамдид гардид, муваққатан (се моҳ) боздошт карда шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку