Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Бойгонии ахбор
28.08.2020

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

28.08.2020 11:36, шаҳри Душанбе

www.president.tj

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

50277471306_e4ed87ce85_b.jpg

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистунуҳсолагии истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.

Соли 2020 новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон, таъсири пандемияи короновирус ба иқтисоди миллӣ барои Тоҷикистони азизамон соли таърихӣ ва пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди маҳал ба шумор меравад.

Дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе ва дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки дар гӯшаву канори кишвар идома дорад, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандон, бахусус соҳибкорон ва мардони бонангу номус барои фардои ободу осуда ва дастовези ҷашнии онҳо мебошад.

Ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқамон ва заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.

Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Хизмати шоиста”, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистион Маҳмадсаид Убайдуллоев бо  ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.

Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла адибон, омӯзгорон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон буданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳиборӣ 1 нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 сарфароз карда шуданд.

Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатиро махсус таъкид карданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон бахусус, занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.

Дар маросими мукофотсупорӣ як гуруҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника супорида шуд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.

50276794138_d8b3531c5c_b.jpg

Дар баробари намояндагони касбу кори гуногун, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуд.

50277469781_4b68eea50d_b.jpg

Ҳамчунин, сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Рукмина Сафарова низ, бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо медали “Хизмати шоиста”  шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, барои комёбиҳо дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешаванд.


Возврат к списку