31 октябр ҳамасола дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз рӯи анъана “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосии Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз машҳур гардонидани мавзӯи пасандоз ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳо мебошад.
Соли ҷорӣ тӯли моҳи октябр, ташкилотҳои қарзии молиявӣ таҳти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон дар саросари кишвар як қатор чорабиниҳои гуногунро дар мавзӯи нақши муҳими пасандоз баргузор намуданд. Дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз озмунҳо, вохӯриҳо, тренингу семинарҳо ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ дар шакли таълимӣ ва ҷолиб пешкаши аҳолӣ гардонида шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таълими молиявии ҷавонон зоҳир гардид, зеро муносибат ба пулро аз хурдӣ тарбия кардан зарур аст. Коршиносон чунин тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки қаблан ба пасандозкунӣ шурӯъ мекунанд, дар оянда метавонанд маблағҳои ҷамъшударо ҳамчун сармояи асосӣ барои мустақилияти молиявии худ истифода баранд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз ба Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми моҳи октябр хонандагони синфҳои болоӣ, ки аъзои маҳфилҳои иқтисодии "Сайёҳат ба ҷаҳони иқтисод" ҳастанд, аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистону Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Корманди осорхона аз пайдоиши бонкҳо, алалхусус таърихи таъсиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ дар Тоҷикистон хеле ҷолиб ва пурмазмун нақл намуд. Наврасон дар бораи пулҳои аввалин, пулҳо ва тангаҳои асрҳои гузашта, рушди пули миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Инчунин дар бораи сифати асъори муомилотӣ, амнияти он, раванди бозпас гирифтани пулҳои фарсуда ва мавзӯъҳои дигар иштирокчиён маълумоти муфассал пайдо намуданд.
Инчунин, ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз, 31 октябр, Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон квести молиявии “Дар ҷустуҷӯи ганҷҳо" ва "Сафари муваффақ" баргузор намуд.
Рӯзи 31-уми октябр ровиёни маъруфи радио дар гирду атрофи шаҳри Душанбе ҳаракат карда, дар бораи макони ганҷҳо тавассути пахши мустақими радиои Азия-плюс нишонаҳо доданд. Вазифаи асосии шунавандагони радио дарёфти ровиёни радио буд ва барои ба даст овардани тӯҳфаи арзанда бояд ба саволҳои молия, иқтисод ва аз ҳама муҳимаш дар мавзӯи сарфакорию пасандоз посух медоданд.
Худи ҳамон рӯз, дар автобуси хатсайри № 2, ки аз шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаракат мекард, сокинони вилояти Суғд имкон доштанд, ки на танҳо ба макони таъиноти худ ройгон расанд, балки дар бозии молиявӣ ширкат варзанд ва бевосита дар пахши мустақими радиои "Садои Хуҷанд" тӯҳфаҳои арзандаро аз ташкилкунандагони чорабинӣ ба даст оранд.
Бурди тӯҳфаҳо дар квести молиявиро 31 октябр аз соати 10:00 то 12:30 мустақиман дар радиостансияҳои "Азия-плюс" ва "Садои Хуҷанд" пайгирӣ ва шунидан мумкин буд.
Саволҳои квестии молиявӣ ба 4 категория, яъне саволҳои осон, миёна, вазнин ва махсус тақсим карда шуданд. Дар маҷмӯъ, тақрибан 200 саволи хеле ҷолиб ва ғайриоддӣ, бо 3 ҷавоби имконпазир омода карда шуданд.
Барои ғолибони саволҳои категорияи миёна пуркунандаи барқ ва гӯшмонакҳои муосири бесим омода карда шуданд. Ғолибоне, ки ба саволҳои мушкил ва барои дарёфти супер тӯҳфа посух доданд, соҳиби соатҳои Mi band серияи 4 ва пулдони электронӣ гардиданд.
Ин сафар ба иштирокчиён ончунон писанд омад, ки вақте ба манзил расиданд, онҳо берун нарафтанд ва мехостанд дар бозии молиявӣ ширкат варзанд. Бисёриҳо таваққуфгоҳи худро гузаштанд, зеро саволҳо ҳанӯз тамом нашуда буданд ва ҳама мехостанд, ки ширкат варзанд ва тӯҳфаҳои арзандаро ба даст оранд.
Бояд қайд кард, ки дар квести молиявӣ зиёда аз 100 нафар ширкат варзида, ҳам пиру ҳам ҷавон бе таваҷҷуҳ ва туҳфа намонданд. Иштирокчиёне, ки дуруст ҷавоб дода натавонистанд, ба онҳо барои иштироку кӯшиш китобҳо оид ба саводнокии молиявӣ, ҳисобкунакҳо ва дафтари банақшагирии молиявӣ супорида шуд.
Чунин ташаббус барои омӯхтани истифодаи оқилонаи пасандозҳои худ ва тӯҳфаҳои омодагардида ҳамчун ҳавасмандкунӣ барои аҳолӣ асос гардид. Зеро дарки аҳамияти идоракунии дурусти маблағҳои худ барои устувории молиявӣ ва пешрафти ҷамъият аҳамияти бениҳоят муҳим дорад. Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз, ки барои Тоҷикистон анъанаи хубе шудааст, имсол дар сатҳи баланд баргузор гардид.