16 ноябри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Ҳамидулло Машрабзода, Моҳбону Накҳатзода ва ҳайати кормандони бонк ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Чорабинии идонаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашнҳои муқаддас-Рӯзи Президенти ҶТ ва солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд ва қайд кард: “Аз саҳифаҳои таърих хуб дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими адои савганд ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Ҳадаф аз рӯзи ид таъйин гардидани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории миллӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти тозаинтихоб оғоз гардид.
Ба хотири эҳтирому эътирофи сиёсати давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ҳама дар маҷмӯъ, ба салоҳияту фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст, ки ба кору пайкор ва саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии зич дорад.
Боиси зикр аст, ки дар таърихи 9 сентябри соли 1991 давлати мустақил эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид муҳайё кард, вале аз ин рӯйдоди фараҳбахш чанде нагузашта, бо ташвиқи душманону бадхоҳони миллат дар мамлакат оташи ҷанги дохилӣ аланга зад, ки кишварро хароб, мардумони зиёдро овораву муҳоҷир ва бехонаву дар намуда, ҳазорон мардуми бегуноҳро қурбон кард.
Давлату миллат дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз ба сарвари шуҷову далер ва давлатсозе чун Исмоили Сомонӣ ниёз дошт, то ки ӯ тавонад тақдири давлату миллатро комилан ба дасти худ гирифта, мамлакатро аз ин гирдоби фалокат наҷот диҳад.
Хушбахтона, дар он рӯзгори ниҳоят сахту душвор бо дастгирии вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарӣ расиданаш мардумро муттаҳид намуд ва дар қалби пиру ҷавон шуълаи умед ба ояндаи дурахшонро бедор ва халқро бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” дода шудааст. Бо баёни дигар, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватану ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
Дар таърихи 11 октябри соли равон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар бо як ҷаҳон эътиқоду боварии бузург сарнавишти миллат ва тақдири мамлакатро бори дигар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳангоми суханронии худ пас аз адои савганд ба халқи Тоҷикистон чунин арзи сипос намуд: “Ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу неруи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳакам ва азми қавӣ қадам гузоштам. Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд”.
Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар корнамоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад.
Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соҳиби пули миллии худ гардид. Дар таърихи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №415 дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани пули миллии кишвар “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба тасвиб расид.
Ҳамчунин бо мақсади истифода дар муомилот тангаҳои филизӣ ва ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ тангаҳои хотиравӣ сикказанӣ шуданд.
Бояд зикр кард, ки пули миллӣ на танҳо василаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Воқеан, пули миллии мо, ки дар минтақаи гардиши худ эҳтиром дорад, рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст ва барои иқтисодиёти рӯ ба инкишофи кишвар ҳамчун воситаи боэътимоди муомилот хизмат мекунад.
Яке аз вазифаҳои муҳимме, ки имрӯз дар назди кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии мамлакат истодааст ва барои иҷрои он тамоми чораҳоро андешидан лозим меояд, ин бештар намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии мамлакат мебошад.
Ҷорӣ шудан ва фаъолияти босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пластикӣ ва дигар хизматрасониҳои нави муосир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ низ аз омилҳои муҳимми тақвияти боварии мардум ба низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмӯъ, Президенти Тоҷикистон дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши асосӣ дорад ва пули миллии сомонӣ, ки ба ибтикори бевоситаи ӯ дар муомилот ҷорӣ гардид, на танҳо воситаи муомилот, балки рукни муҳимми давлатдории имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад”, - таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода.
Инчунин, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода аз номи Шӯрои бонувони бонк аҳли нишастро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, зикр кард, ки маҳз бо ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи бонувон дар ҷомеа боло ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ муассир гардидааст. Аз ин рӯ мо - бонувон вазифадорем, ки минбаъд низ эътимоди Сарвари давлатро сазовор гардида, дар баробари тарбия намудани элитаи зеҳнии мамлакат фаъолияти пурсамар намуда, дар рушди низоми бонкӣ саҳмгузор бошем”.
Дар идомаи ҷаласа сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов, мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳуқуқ Абдураҳмон Сангов ва дигарон ба сухан баромада, дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат-меъмори сулҳи тоҷикон”, “Нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон дар бунёди сиёсати пулию қарзӣ” ва “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”, ки барои мардуми Тоҷикистон як сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ гардид, маърӯза карданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷамъомади тантанавиро ҳусни анҷом бахшида, аҳли нишастро бори дигар бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд ва изҳори умед кард, ки халқи тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гашт.
Шуъбаи матбуот