16 ноябри соли 2020 Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ (Global Entrepreneurship Week) оғоз ёфт. Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ лоиҳаи байналмилалиест, ки 180 кишварро фаро гирифта, ба рушди фарҳанги соҳибкорӣ ва иқтидори соҳибкории ҷавонон нигаронида шудааст. Дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар ҷаҳон зиёда аз 40 000 чорабинӣ бо иштироки тақрибан 10 миллион нафар гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мубодилаи афкору дониш байни соҳибкорони ботаҷриба ва ҷавононе мебошад, ки дар фикри оғози тиҷорат ҳастанд.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони ҳамкор конфронсҳо, дарсҳои тиҷорат ва маҳорат, вебинарҳои онлайнӣ ташкил намуд. Дар доираи баргузории ин чорабиниҳо ба ҷавонон имкон фароҳам оварда шуд, ки оид ба оғози тиҷорати худ аз соҳибкорони ботаҷриба маслиҳату машварат гиранд.
Дар чорабиниҳои Ҳафтаи умумиҷаҳонии байналмилалӣ аз 16 то 30 ноябри соли ҷорӣ маърӯзачиёни мазкур дар мавзӯъҳои зерин баромад карданд:
Мунира Исамова, директори оҷонсии "О бале" дар мавзӯи "Ивэнт-саноат: чӣ гуна бояд худро дар тиҷорат муаррифӣ кард?";
Бахтиёр Қодиров, директори ширкати технологияҳои молиявии "Wooppay Tajikistan" дар мавзӯи "Чӣ тавр барои стартапи худ аз созмонҳои байналмилалӣ сармоя ҷалб кардан мумкин аст?";
Зебунисо Солиева, директори меҳмонхонаи “Armon Apart” дар мавзӯи "Хушхабаре дар шароити пандемия: чӣ гуна тиҷорати меҳмонхонаҳо тағйир меёбад?";
Сӯҳроб Ниёзов, директори ширкати "Next Group" дар мавзӯи "Чӣ гуна суботи молиявиро дар ҳама гуна шароити зиндагӣ таъмин кардан мумкин аст?";
Мутриба Аҳмедова, cафири минтақавии Теквумен 2015 ва Perspectiwy woman дар соҳаи технология дар мавзӯи "Занон дар технология: роҳбарӣ ва ҳавасмандкунӣ";
Зайниддин Каримов, роҳбари маркетплейси "nun.tj" дар мавзӯи "Тиҷорат ҳамчун тарзи ҳаёт ё ин ки соҳибкори силсилавӣ кист?"
Умеда Садр, Директори ТҶҶ "Корвони Умед", асосгузори аввалин қаҳвахонаи иҷтимоии "Чатр" дар Тоҷикистон дар мавзӯи "Соҳибкории иҷтимоӣ";
Аъзам Аҳруллоев, муассис ва роҳбари ширкати "Azam" дар мавзӯи "Чӣ гуна бояд истеҳсоли пойафзоли миллиро оғоз намуд?";
Гадойбоева Умеда, директори генералии “Arkon Education Group" дар мавзӯи «Тиҷорат: чӣ гуна аз сифр мактаби хусусии худро кушодан мумкин аст?";
Мунира Аҳмадова, директори маркази табобатӣ-ташхисии Яъсуб дар мавзӯи "Ғояҳои тиҷорӣ дар соҳаи тиб".
Бояд қайд кард, ки онлайн чорабиниҳо хеле пурсамар ва ҷолиб баргузор гардида, дар саҳифаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com/fingramtj пахш гардид. Ҳамчунин, дар рафти чорабиниҳо муҳокимаҳои ҷолиб сурат гирифта, ба саволҳои “Оё соҳибкорон ба саводнокии молиявӣ ниёз доранд?”, “Барои лоиҳаи тиҷоратӣ аз куҷо ва чӣ гуна метавон маблағгузор пайдо намуд?”, “Дар давраи пандемия ва дигар буҳронҳо чӣ тавр бояд амал кард?”, “Истифодаи самараноки вақт (менеҷменти вақт)”, “Чӣ гуна ҷамъ овардани тим (тимбилдинг)”, “Аҳамияти худомӯзӣ ва рушд дар ҳаёт”, “Шарикии тиҷоратӣ, рақобат” ва ғайра посухҳои мушаххас дода шуд. Дар умум, Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор нафарро фаро гирифта, иштирокчиёни фаъоле, ки саволҳои ҷолиб пешниҳод намуданд, аз ҷониби ташкилкунандагон ва шарикони чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи иттилои ташкилкунандагони чорабинӣ, баромадҳо дар саҳифаи www.facebook.com/fingramtj то ҳол дастрас буда, наворҳои видеоӣ дар ояндаи наздик дар шабакаи расмии youtube-и Шуъбаи саводноки молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ интишор карда мешаванд.
Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон имсол бо дастгирии Фонди хазинаҳои амонатӣ оид ба хамкориҳои байналмилалии Олмон, ширкати МегаФон Тоҷикистон, Корпоратсияи Байналмилалии молиявӣ (IFC), Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ташкилоти “Дастоварди Ҷавонон”, муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" ва клуби “Ҷавонони соҳибкор” баргузор гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки онлайн - чорабиниҳои ташкилгардида барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон тиҷорати худро оғоз кунанд, воқеан муфид ва самарабахш буд.
Ба www.facebook.com/fingramtj обуна шуда, ахбори ҳамаи чорабиниҳое, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи молиявии шаҳрвандон равона шудааст, лутфан пайгирӣ намоед.