Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

Бойгонии ахбор
24.12.2020

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

22 декабри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Комиссияи мазкур Зариф Ализода, намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

NBTL3584-1.JPG

Ҷаласаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Комиссия Зариф Ализода ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти анҷомдодаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар доираи даври дуюми баҳодиҳии тарафайни кишвар оид ба МҚД/МТ/МПСҚО маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

NBTL3606-2.JPG

Зикр гардид, ки тибқи тартиботи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 34-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё бояд оид ба дастовардҳои худ дар бахши мазкур ҳисобот пешниҳод намояд. Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори кишварро зарур аст, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар доираи Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни кишвар омодагии ҳамаҷониба дида, фаъолияти худро дар доираи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монанд.

Баъдан муовини директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Фарҳод Билолов оид ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти қаблии Комиссия, аз ҷумла иҷрои Нақшаи ҶТ “Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО”, масъалаи дастрасии Департаменти мониторинги молиявӣ ба пойгоҳҳои маълумот, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони низоми МҚД/МТ/МПСҚО ва дар муҳлати кӯтоҳтарин омода намудани Нақшаи лоиҳавии Гурӯҳи Авруосиё оид ба пешниҳоди кӯмаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

NBTL3596.JPG

“Яке аз вазифаҳои муҳим - ин андешидани чораҳо ҷиҳати иҷрои “Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО” мебошад, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 тасдиқ гардидааст. Дар асоси он вазорату идораҳо, аз ҷумла Департаменти мониторинги молиявӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳо, аз ҷумла ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунии самти фаъолияти худ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуда, онҳоро ба тавсияҳои ФАТФ мутобиқ гардонанд. Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои Нақшаи мазкур то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории ҶТ ба талаботи тавсияҳои ФАТФ ба як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, лоиҳаи ниҳоии Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” таҳия гардид, ки он дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад”, - қайд намуд Ф.Билолов.

NBTL3629-4 (1).JPG

Дар идомаи ҷаласа, вобаста ба вазъи кунунӣ дар самти Нақшаи ҶТ “Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО муҳокимаи лоиҳаи 3-юми Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ рӯнамо пешниҳод гардид, ки мавриди муҳокимаи аҳли нишаст қарор дода шуд.

Чорабиниро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ҷамъбаст намуда, таъкид бар он дошт, ки “Ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбат дар ин самт метавонад барои рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом такони ҷиддӣ бахшад. Бинобар ин, дар баробари Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ, ҷиҳати иҷрои Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО ва пешниҳоди Ҳисобот саҳми арзанда гузошта, дар ин самт фаъолияти хешро боз ҳам муассир намоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку