Дар бораи Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо

Бойгонии ахбор
01.03.2021

Дар бораи Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 19 январи соли 2021, №7 ва дар асоси моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №58 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 2019, №559 «ғ» ба қайд гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид намуд.

Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2021, №559 «ғ» аз қайди давлатӣ гузашта, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку