Дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бойгонии ахбор
02.03.2021

Дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, таҳти №40 бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” (ООО “Небанковская кредитная организация “Вестерн Юнион ДП Восток””) барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаҳои 6 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 11 ва 561 “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток”, ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи низоми пардохт барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор гардид.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку