Дар бораи ҶДММ “Бейкер тилли Тоҷикистон”

Бойгонии ахбор
05.03.2021

Дар бораи ҶДММ “Бейкер тилли Тоҷикистон”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2021 таҳти №42, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро доранд, сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку