17.03.2021
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти аудити дохилӣ
I
Сараудитор – директори департамент (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3-сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ;
- доштани сертификати касбии соҳаи аудит ва ҳисобдорӣ (CIA, CPA, ACCA, CIPA, САР ва ғ);
- донистани стандартҳои байналмилалии касбии аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
- доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ – ҳатмӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office (Word, Excel, Power Point)- ҳатмӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 2 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
нусхаи билети ҳарбӣ;
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
-
Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31.03. 2021