Риояи неки суннатҳои Наврӯзӣ

Бойгонии ахбор
18.03.2021

Риояи неки суннатҳои Наврӯзӣ

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таърихи деринаи бостонӣ дошта, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ, дӯстиву рафоқат, некию накукорӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон ва хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон аз муҳимтарин оинҳои ин ҷашни фархундаи ниёгон дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд.

NBTL6696.JPG

Дар ин радиф, Наврӯз фарҳанги муколама ва гуфтугӯи инсонҳо низ дониста мешавад, ки мардумро, новобаста аз нажод ва миллат сари як суфра – хони наврӯзӣ ҷамъ меоварад ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро бедор месозад.

Бо назардошти ин оини наврӯзӣ ва дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 марти соли 2021, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай, Бонки миллии Тоҷикистон барои 240 нафар бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дастархони идона ороста, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.

NBTL6751.JPG

Зимни аёдат Роҳбарияти бонк аз шароити зисти бошандагони ин муассиса дидан намуда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд. Зикр карда шуд, ки ғамхорӣ ба  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ин иқдоми инсонпарварона ва ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ минбаъд низ, ба таври доимӣ, новобаста аз иду айём ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку