Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021, таҳти №47 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарор қабул карда, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии «Паймон Иншуренс» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни супоридани иҷозатнома ба и.в. директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии «Паймон Иншуренс» Темур Мирсалимов барои фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ташкилоти мазкур дар оянда барои рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Ҳамчунин, Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот