Дар бораи ҶДММ “Созидание”

Бойгонии ахбор
30.03.2021

Дар бораи ҶДММ “Созидание”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021, таҳти №48 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созидание” (меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe) барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардид, дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку