Дар бораи ҶСК “Тоҷик Эйр”

Бойгонии ахбор
30.03.2021

Дар бораи ҶСК “Тоҷик Эйр”

Дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021, таҳти №49 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ҷиҳати анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор аст, дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку