02.04.2021
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ”
Сармутахассис (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии рӯзноманигорӣ ё иқтисодӣ;
-
доштани малакаи кор ва эҷодкорӣ дар навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва дигар жанрҳои журналистӣ дар мавзӯъҳои бонкӣ ва иқтисодӣ, қобилияти хуби таҳрири маводҳои муаллифон, пешниҳоди идеяҳои наву ҷолиб;
-
малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
-
маҳорати хубу эҷодкоронаи суратгирӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
-
ба занҳои баландихтисос ва дорои маҳорати баланди касбӣ дар бахши рӯзноманигорӣ афзалият дода мешавад;
-
донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
-
Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодӣ (ахбор, мусоҳиба, мақола ва дигар жанрҳои рӯзноманигорӣ)-и як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад;
- доштани на камтар аз 3 сол собиқаи кории рӯзноманигорӣ дар ВАО.
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии дизайнерӣ (ороишгарӣ, саҳифабандӣ дар ВАО) ё рӯзноманигорӣ;
-
малака ва маҳорати хуби кор дар компютер;
-
маҳорати хубу эҷодкоронаи суратгирӣ, дарки нозукиҳои кор бо дастгоҳи суратгирӣ;
-
малакаи кор ва эҷодкорӣ дар саҳифабандии маҷалла ва доштани қобилияти баланди дизайнерӣ (ороишгарӣ), пешниҳоди идеяҳои наву ҷолиб;
-
доштани таҷрибаи баланди корӣ бо барномаҳои Microsoft Office , Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat;
-
ба занҳои баландихтисос ва дорои маҳорати баланди касбӣ дар бахши дизайнерӣ ва саҳифабандӣ афзалият дода мешавад;
-
донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
-
Пешниҳоди намунаи корҳои эҷодии дизайнерӣ ва саҳибандии як соли охир дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расида, ба назар гирифта мешавад;
- доштани на камтар аз 3 сол собиқаи кории дизайнерӣ ва саҳифабандӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
Нусхаи билети ҳарбӣ;
-
Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
-
барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19.04 с.2021