Дар бораи ҶДММ “Консултант аудит”

Бойгонии ахбор
29.04.2021

Дар бораи ҶДММ “Консултант аудит”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2021, таҳти №66 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консултант аудит” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муҳлати то 26 декабри соли 2023 тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.

Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии ҶДММ “Консултант аудит” аз 26 феврали соли 2019 беэътибор дониста шуда, Департаменти назорати бонкӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку