Иқтибос аз Қоидаҳои муқаррар намудани талаботи тахассусӣ...

Бойгонии ахбор
28.04.2021

Иқтибос аз Қоидаҳои муқаррар намудани талаботи тахассусӣ...

Иқтибос аз Қоидаҳои муқаррар намудани талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда, мудири махсуси ташкилоти қарзӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон.

1. Талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда ва мудири махсус

Барҳамдиҳанда ва мудири махсус бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ

бошанд:

- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;

- собиқаи кории на камтар аз панҷсола бо ихтисосҳои иқтисодчӣ,

муҳосиб, ревизор, ҳуқуқшинос;

- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсионидошта;

- дар давоми ҳафт соли охир аз тарафи суд муфлис эълон нашуда

бошанд;

- аз тарафи суд аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошанд;

- оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолият ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ дониши кофӣ дошта бошанд.

2. Тартиби гирифтани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус

Барои гирифтани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус, довталабон ба Бонки миллии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат

намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;

-маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсионидошта.

Дар ариза довталаб бояд мушаххас қайд намояд, ки довталаби кадом намуди шаҳодатнома (барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус) аст.

Аризаи довталаб дар мӯҳлати як моҳ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Баъди гузаштани санҷиши тахассусӣ тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба довталабон шаҳодатномаҳои тахассусии барҳамдиҳанда ва мудири махсус дода мешавад.


Возврат к списку