Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, таҳти №73 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.
Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор гардид, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот