Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иди саиди Фитр ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор”, кумаки хайриявӣ ирсол намуд, ки он аз 85 адад рахти хоб ва маводи хӯрокворӣ иборат мебошад.
Ҳамзамон барои болидаруҳии бошандагон ва ҳайати кормандони ин муассиса бо истифода аз анвои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла ду намуд хӯроки гарм, ширинӣ, кулчақанд ва меваҳои тару тоза дастурхони идона ороста шуд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бошандагони муассисаро бо иди саиди Фитр муборакбод гуфта, бо шароити буду боши онҳо аз наздик шинос шуданд ва таъкид бар он доштанд, ки яке аз рукнҳои моҳи шарифи рамазон, ин аёдати беморон ва дастгири шахсони ниёзманд маҳсуб меёбад. “Имрӯз, ки мо дар арафаи иди саиди Фитр қарор дорем, бояд анъанаҳои неки бузургонамонро дар бобати хайру эҳсон, дастгирии ятимону бепарасторон ва ниёзмандон идома дода, дар ободию пешрафти диёрамон саҳми муносиб гузорем. Бонки миллии Тоҷикистон суннатҳои неки ниёконро идома бахшида, дар арафаи ҳамаи ҷашну маросимҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти мадад дароз мекунад ва минбаъд низ, ин анъанаи некро идома хоҳад дод”, - гуфта шуд зимни супоридани маводи хайрия аз ҷониби Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дар навбати худ барои ғамхориҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба таври доимӣ новобаста аз иду айём ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор”, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, таҳти №АП-983 сарпарастии онро ба зимма дорад, дасти ёрӣ дароз намуда, дархости онҳоро барои шароити созгори зист таъмин менамояд.
Шуъбаи матбуот