Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
20.05.2021

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ

I

Директори Пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
  • доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
  • доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозии иқтисодӣ-бонкӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab - ҳатмист;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ - ҳатмӣ;
  • маълумоти кофӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, молия ва иқтисод;
  • маҳорати баланди ибрози андеша, малакаи рӯнамоӣ намудан бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ);
  • доштани қобилияти баланди техникаи ҳуқуқэҷодкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • дар сатҳи кофӣ таҳлил намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти бонкӣ, гузаронидани таҳлили аналитикии ташкилотҳои суғуртавӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон.

II

Муовини Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) - ҳатмӣ ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.
  • донистан ва таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) - ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозии иқтисодӣ-бонкӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab ҳатмист;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;

III

Сардори шуъбаи методология ва таҳияисанадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) - ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмист;

IV

Cармутахассиси бахши тадқиқоти илмӣ (1ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) - афзалият дорад
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) - ҳатмист;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, маҳорати касбии моделсозии иқтисодӣ-бонкӣ ва гузаронидани таҳлилҳои аналитикӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, иқтисодӣ, молиявӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 08.06. 2021


Возврат к списку