Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба диққати пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мерасонад, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21000 сомонӣ аз ҳисоби Хазина пурра ҷуброн карда мешавад. Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон тавассути бонк-агент 14 рӯз пас аз санаи қабули қарори суд оид ба барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешавад.
Маблағи боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.
Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефонҳои 44 6003245, 44 6003545, ё ин ки аз сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.