Маҷлиси роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати тақвият додани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ

Бойгонии ахбор
28.05.2021

Маҷлиси роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати тақвият додани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ

27 майи соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ва иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар оид ба “Тақвият додани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ” ҷаласаи корӣ доир гардид.

NBTL9147-1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Камолович ҷаласаи кориро бо мақсади вусъат додани раванди кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар хориҷи кишвар, бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва пурзӯр намудани фаъолияти низоми идоракунии хавфи комплаенс дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳарчи зудтар корро дар самти дастрасӣ ба суратҳисобҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ ҷоннок намоянд. “Новобаста аз кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ тайи чанд соли охир, ҳоло ҳам зарурати тақвият бахшидани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои хориҷӣ ва ҳарчи бештар кардани шумораи суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ барои низоми бонкии кишвар аз манфиат холӣ нест”, - изҳор дошт Муовини якуми Раиси БМТ. Диққати ҳозирин ба як қатор тадбирҳои андешидашуда дар раванди кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ҷалб карда шуд, ки иштирок ва муҳокимаронӣ намудани ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони як қатор бонкҳои ҷумҳурӣ, аз қабили БДА ҶТ "Амонатбонк", ҶСК "Ориёнбонк", ҶСК "Спитаменбонк", ҶСК "Бонки Эсхата", ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд", ҶСК "Соҳибкорбoнк" ва ҶДММ ТАҚХ "Арванд" дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ“ дар шаҳри Вашингтони ИМА (с. 2018) аз ҷумлаи онҳост. Дар рафти ин ҷаласаи мазкур вобаста ба имконияти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар таҳким бахшидани муколамаи мусоид ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ барои кишварҳои минтақа, инчунин саҳми ширкатҳои консалтингӣ дар таҳкими муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти роҳбаладии ХБА барои муколамаи мусоид дар минтақа баҳри рушди иқтисодиёт ва суботи молиявӣ ҷониби Тоҷикистон ибрози назар намуд.

NBTL9404.JPG

Ҳамзамон дар мулоқот бо намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" (с.2018, Вашингтон, ИМА) Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид бар он дошт, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишварҳои минтақа, вазъи молиявии онҳо мусоидат хоҳад кард ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин раванд ҳавасманд мебошад.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ, Ҷамолиддин Камолович диққати ҳозиринро ба чанд масъала, ки имрӯз барои ташкилотҳои қарзии ватанӣ ҷиҳати барқарор намудани суратҳисобҳои муросилотӣ дар хориҷи кишвар муҳим арзёбӣ мегардад, ҷалб намуда, то ҳол мавҷуд будани омилҳои маҳдудият ва тавсеаи суратҳисобҳои муросилотӣ, мушкилот дар риоя ва татбиқи талаботҳои байналмилалӣ, назорати дохилӣ, комплаенс дар ташкилотҳои қарзии молиявии кишварро қайд намуд ва аҳли нишастро бо тамоюли шумораи суратҳисобҳо, суратҳисобҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи минтақа ва кишварҳо дар соли 2020, зарурати диверсификатсия ва васеъ намудани муносибатҳои муросилотӣ, мушкилиҳо дар самти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, омилҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои кушодани суратҳисобҳои муросилотии дохилӣ дар бонкҳои хориҷӣ, чораҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва аз раванди ҳамкориҳои роҳандозишуда бо коршиносони байналмилалӣ дар ин самт шинос намуд.

NBTL9196.JPG

Зимни ҷаласа шарҳи мухтасар аз натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2020 оид ба дастрасии кӯмаки техникӣ дар самти мусоидат ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ аз ҷониби сардори Идораи суботи молиявӣ Нигина Қурбоналиева ва муовини сардори Департаменти мониторинги молиявӣ Таҳмина Салимова дар шакли рӯнамоӣ манзур гардид. Дар рафти рӯнамоӣ аз натиҷаи баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар янчанд чорабиниҳои сатҳи баланди ХБА/БҶ оид ба масъалаи қатъ гардидани муносибатҳои муросилотӣ (ш.Вашингтон, ИМА) ҷалби кӯмаки техникии БАТР ва ICA барои гузаронидани барномаи омӯзишӣ ва сазовор шудани
36 намояндаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо сертификатҳои байналмилалӣ дар самти коплаенс маълумот дода шуд.

Сипас, муовини сардори Идораи низоми пардохт Маҳмуд Ҳамрализода оид ба ширкати байналмилалии Currencycloud, ки шарики асосии финтекҳои пешсафи ҷаҳонӣ буда, дар зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон хизматрасониҳои худро ба шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд, маълумот пешниҳод намуд. Зикр карда шуд, ки хизматрасониҳои ширкат бо татбиқи технологияҳои муосири молиявӣ асос ёфта, ҳисоббаробаркуниҳои фаромарзии байнибонкиро тавассути суратҳисобҳои муросилотии бонкҳо анҷом медиҳад ва дар заминаи платформаи Currencycloud бонкҳо метавонанд амалиётҳои мубодилавиро низ бо 38 асъори хориҷӣ иҷро намоянд.

NBTL9187.JPG

Баъдан, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба масъалаҳои ҷорӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда, таклифу пешниҳодҳои худро оид ба роҳҳои барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, саҳми ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳалли масъалаи мазкур, дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт ва кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани рейтинги қарзии кишвар ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, барои беҳтар намудани низоми идоракунӣ, ҷалби кӯмаки техникӣ ҷиҳати баҳогузории вазъи кунунӣ, пурзӯр намудани заминаи ҳуқуқӣ, гузаронидани рейтинги байналмилалии ташкилотҳои қарзӣ, устувор намудани комплаенс, тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои дохилӣ ба талаботҳои бонкҳои хориҷӣ, ҷалби ширкатҳои машваратӣ барои муайян намудани қадамҳои минбаъда, тақвият бахшидани низоми назорати дохилӣ ва ташкили воҳиди мувофиқ ҷиҳати ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар сохторҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ талош варзанд.

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Камолович дар фаровард бори дигар таъкид бар он дошт, ки кор дар самти муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома дода мешавад ва ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ бояд дар ин кор фаъол ва муттаҳид бошанд. Ҳамин тариқ, муколамаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома меёбад ва ҳар як иштирокчӣ дар ин самт бояд саҳмгузорӣ намуда, барои ноил шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ тамоми талаботҳои заруриро иҷро намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку