Вокуниш ба мақолаи “Радиои Озодӣ”

Бойгонии ахбор
01.06.2021

Вокуниш ба мақолаи “Радиои Озодӣ”

Вокуниш ба мақолаи “Радиои Озодӣ”: “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд?” (https://www.ozodi.org/a/31271432.html), аз 25.05.с.2021:

Бонки миллии Тоҷикистон маводи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд?”-ро, ки 25 майи соли 2021 дар “Радиои Озодӣ” https://www.ozodi.org/a/31271432.html ба забони тоҷикӣ ва "Точиксодиротбанк" и "Агроинвестбанк" ликвидированы. Кто вернет деньги вкладчикам?” https://rus.ozodi.org/a/31272165.html ба забони русӣ нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:

Бархе аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми навиштани мавод дар мавзӯи бозхонди иҷозатномаҳои ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки 21 майи соли 2021 дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон расман эълон гардид ва шарҳи пурра аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон манзур карда шуд, ба таҳрифу хатокорӣ роҳ доданд. Аз ҷумла, хабарнигорони “Радиои Озодӣ” Барот Юсуфӣ ва Алишер Зарифӣ дар маводи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд?” чунин менависанд: “Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми май иҷозатномаи фаъолияти ин ду бонки дар гузашта низомсозро бозхонд кард, аммо ҳанӯз роҳҳои бозпас додани амонати мардумро нагуфт”.

Дар робита ба ин, бори дигар ба маълумоти хабарнигорони “Радиои Озодӣ” расонида мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 майи соли 2021 оид ба бозхонди иҷозатномаҳои ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар сомонаи БМТ бонк бо се забон иттилои расмӣ нашр намуд, ки дар он тартиби пардохт шудани пасандозҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври возеҳ шарҳ дода шудааст. Ҳамзамон бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба ин иттилоъ тавассути “Телевизиони Тоҷикистон” ва Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” эълон дода шуд. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба раванди аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт шудани пасандозҳои пасандоздорони бонкҳои мазкур санаи 25 майи соли 2021 эълони Хазинаро бо суроға ва рақамҳои телефон барои тамос дар сомонаи БМТ, шабакаҳои телевизионӣ ва радио, матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн намуд. Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон санаи 26 майи соли 2021 барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудиронро дар сомонаи худ, бо суроғаи https://nbt.tj/tj/banking_system /tashkilothoi_karzii_dar_holati_barhamdi_karordoshta.php ҷойгир намудааст, ки дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд.

Дар матолиби “Радио Озодӣ” чунин гуфта мешавад: “Рӯзи 24-май дар Бонки миллии Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, ки дар бораи сабабҳои бастани “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” шарҳ диҳад”.

Рӯзи 24 майи соли 2021 шахсан сардори Шуъбаи матбуот ба даромадгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон (бинои Душанбе-Плаза), ки хабарнигори “Радиои Озодӣ” Барот Юсуфӣ он ҷо омада буд, ҳозир шуд. Баъди суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои наворгирӣ ва мусоҳибаи видеоии “Радио Озодӣ” ҷиҳати пешниҳоди шарҳи расмӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад ва дертар пешниҳоди расмӣ манзур карда хоҳад шуд. Ин масъала бо роҳбарият мувофиқа карда шуд, аммо хабарнигорони “Радио Озодӣ” маводи худро бо чунин шарҳи нодуруст, ки “касе ба наздашон ҳозир нашуд...” ба нашр расониданд ва дигар муроҷиат ҳам накарданд.

Мутаассифона, маводи мазкур новобаста аз иштибоҳот дар ҳафтаномаи “СССР” аз 27 майи соли 2021,№21 (662) ва ҳафтаномаи “Фараж” аз 26 майи соли 2021, №22 (756) ва дар чанд саҳифаҳои интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ айнан бо чунин таҳриф бознашр гардидааст.

Дар охир ба муроҷиат ба намояндагони ВАО дохилӣ ва хориҷи кишвар гуфтанием, ки ҳангоми навиштани дилхоҳ мавзӯъ, бахусус мавзӯъҳои ҳассос, ки бо ҳаёти ҷомеа рабт дорад ва инъикоси нодурусти масъала боиси ташаккул додани афкори нодурусти ҷомеа мегардад, бисёр бодиққат бошанд ва нисбати ҳар як мавзӯъ назари воқеъбинона дошта, дар асоси принсипҳои журналистӣ рафтор намоянд. Дар сурати пайдо шудани суол ба мутахассисон муроҷиат намоянд ва ҳар матлабе дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нашр мешавад, бе таҳриф ба нашр расонанд. Аз рӯи этикаи журналистӣ амал накардани журналист аз сатҳи касбият дарак медиҳад ва ҳар маводи таҳрифшуда метавонад обрӯи ҳам расонаро барои эътимоду боварӣ коҳиш диҳад ва ҳам ба нуфузу эътибори мақоми масъул таъсиргузор бошад.

Шуъбаи матбуот



Возврат к списку